Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд

Июль 9, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 21 июл бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 180 нафар кӯдак аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои истироҳати тобистона ба лагерҳои истироҳатию фароғатии «Чангоб» ва «Шимкент» сафарбар гардиданд.

Тавре аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба тамоми кӯдакон  сару либоси истироҳатӣ таъмин гардида, барои онҳо дар тамоми давраи истироҳат шароити мусоид барои мутолиаи китобҳои бадеӣ, машғулиятҳои варзишӣ, сайру гашт дар табиати зебоманзари мамлакат ва иштирок дар бозиҳои гуногуни шавқовар фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон онҳо бо ғизои босифат ва пурра таъмин мешаванд.

Кумита нақша дорад, ки барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ, истироҳати босамар ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврас, бахусус кӯдакон, тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва табақаҳои осебпазири ҷомеа аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҷассумгари масъулияти иҷтимоӣ ва рисолати инсондӯстонаи ҳизб мебошад.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июль 9, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид