Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд

Июль 30, 2026 08:52

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 391,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидор фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16,1 ҳазор ё 4,3 фоиз зиёд мебошад.

Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 28 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 354,8 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 15,2 ҳазор ё 4,5 фоиз зиёд гардидааст.

Султон Раҳимзода афзуд, ки тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли 2026 аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ба иқтисодиёт ба маблағи 13 миллиарду 859,7 миллион сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст. Ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 2 миллиарду 297,5 миллион сомонӣ ё 19,9 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар ин давра додашуда 6 миллиарду 316,4 миллион сомонии он ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 432,7 миллион сомонӣ ё 7,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш 300 тренинги гуногуни омӯзишӣ доир ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайдо намудани идея ва татбиқи амалии он, омода намудани рӯнамо ва муаррифии он дар назди сармоягузорон, тарзи нақшаи тиҷоратӣ, дарёфти сармоя, муаррифии лоиҳа дар назди сармоягузорон ва дигар мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ гузаронида шудаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2026 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд