Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 526 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 591 ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус 15 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар асоси маълумоти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ 27 ҳазору 563 ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2025 2 ҳазору 793 ҳолат кам мебошад.
«Дар ин давра теъдоди кӯдакони ноболиғ аз бекор кардани ақди никоҳ 3 ҳазору 111 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2025 521 нафар кам мебошад»,–баён намуд Бунафша Файзиддинзода.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила иброз дошт, ки бо мақсади пешгирии бекоршавии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуб Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо зерсохторҳо корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшидааст. Аз ҷумла, бо истифода аз усулҳои «хона ба хона» ва «маҳал ба маҳал» бо оилаҳо суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуда, ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон, риояи фарҳанги муошират дар оила, пешгирии низоъҳои оилавӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон, тарбияи дурусти фарзандон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақили оилавӣ ва аҳамияти нигоҳ доштани фазои солими оилавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Оила нахустин муҳити тарбия, макони ташаккули шахсият ва пояи устувории ҳар ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон ва пешгирии бекоршавии ақди никоҳ аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси роҳбарияти давлат барои ҳифзи арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон заминаи ҳуқуқию ташкилӣ такмил дода шуд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ташкили чорабиниҳои маърифатӣ далели таваҷҷуҳи пайваста ба ин самт мебошанд.
«Бо вуҷуди тадбирҳои андешида масъалаи бекоршавии ақди никоҳ ҳанӯз ҳам аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ боқӣ мемонад. Ҳарчанд бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст, вале ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад Ҷудошавии оила танҳо муносибати ду нафарро қатъ намекунад, балки ба тарбияи фарзандон, вазъи равонӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо низ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бештар аз ҳама кӯдакон аз ин раванд осеб мебинанд, зеро онҳо аз муҳити солими оилавӣ маҳрум гардида, ба дастгирии бештари ҷомеа ва давлат ниёз пайдо мекунанд»,–афзуд Бунафша Файзиддинзода.
Коршиносон сабабҳои асосии бекоршавии оиларо гуногун арзёбӣ мекунанд. Омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати беҷои шахсони дигар ба ҳаёти оилавӣ, паст будани фарҳанги муошират ва масъулиятшиносӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд боиси нофаҳмӣ ва ҷудошавии ҳамсарон гарданд.
Дар ин замина корҳои пешгирикунанда аҳамияти махсус доранд. Суҳбатҳои фардӣ бо оилаҳо, чорабиниҳои маърифатӣ дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои корӣ, инчунин омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ метавонанд дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ нақши муассир гузоранд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷавонон, эҳтироми ҳамдигар ва таҳаммулпазирӣ низ аз омилҳои муҳими пойдории оила ба ҳисоб мераванд.
Ба андешаи Бунафша Файзиддинзода, имрӯз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро густариш дода, бо ҳазорон оилаҳо суҳбатҳои инфиродӣ ва чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор менамояд. Ҳадафи ин тадбирҳо баланд бардоштани масъулияти оилавӣ, ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ва коҳиш додани ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ мебошад.
Таҳкими оила танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ нест. Дар ин раванд саҳми падару модар, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, фаъолони ҷомеа ва ҳар шаҳрванди мамлакат муҳим мебошад. Зеро оилаи солим асоси ҷомеаи солим, тарбиятгари насли соҳибмаърифат ва кафили суботу пешрафти давлат маҳсуб мешавад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, таҳкими эҳсоси масъулият, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ бояд ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҷомеа табдил ёбад. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавон заминаи устувори оилаҳоро ҳифз намуда, барои тарбияи насли солиму созанда ва рушди минбаъдаи ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд






