«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид

Июль 30, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Чил духтари тоҷик бо чил гесӯи дароз» намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории намоиш тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, гулбасту алочабофӣ, читгарӣ, зардӯзию порадӯзӣ, шерозбофӣ, инчунин тарғиби мӯйи дароз, ороиши мӯй, кокулбофӣ, майдабофӣ ва баланд бардоштани мақоми арзишҳои фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки либоси миллӣ нишонаи худогоҳӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, ки «занони тоҷик бояд дар баробари донишандӯзӣ дар фаъолияти иҷтимоӣ ва рушди давлат низ саҳм гузоранд, ҳамзамон посдори арзишҳои миллӣ бошанд, зеро маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро солим ва миллатро қавӣ мегардонад».

Гуфта шуд, ки маҳз таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшӣ метавонад ҷомеаро аз бегонашавии фарҳангӣ эмин нигоҳ дошта, пояҳои давлатдории миллиро устувор созад. Зеро дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳама соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонанд, масъалаи ҳифзи либоси миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Баргузории ин намоиш ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкорӣ, фарох намудани доираи рақобатпазирӣ байни тарроҳон, дизайнерон, қаламкашон, наққошон ва чеварон дар тарҳрезӣ ва дӯхти либоси миллӣ, хусусан либоси миллии қадимӣ бо тарҳи замонавӣ, инчунин муттаҳидсозии неруи ақлониву эҷодӣ ва пайванди таърихи гузаштаву муосир мусоидат намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба 15 нафар духтарони маъюб туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид