Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл дар шаҳри Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода зимни суханронӣ аз аҳамияти ин санади муҳими байналмилалӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки қабули он нишонаи эътирофи сиёсати пайгирона, созанда, дурбинона ва сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, амният ва рушди устувор мебошад.
Таъкид гардид, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои густариши ҳамкории амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак имконоти нав фароҳам меорад.
Ҳамчунин намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Туркманистон зимни суханронӣ аҳамияти қатъномаи қабулшуда ва муҳимияти онро дар заминаи талошҳои ҷаҳонӣ барои таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ таъкид намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






