Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

Июль 7, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 85 нафар роҳхат гирифтанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар даври дуюми озмун 320 нафар довталабон аз рӯйи 6 номинатсия иштирок намуданд.

Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун  пешниҳод карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки соли 2026 довталабон бо тайёрии ҷиддӣ ба озмун ҳозир шуда, ҳар як иштирокчӣ аз худ маҳорати баланди ҳунарӣ нишон доданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки дар асоси Низомномаи озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар баробари мукофоти пулӣ имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 7, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд