Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сохтмони шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ вусъат мегирад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилляти Хатлон хабар доданд, иншооти мазкур дар кӯчаи А. Рӯдакии маркази ноҳияи Дӯстӣ ҷойгир буда, фармоишгари сохтмон Муассисаи давлатии «Идораи сохтмони асосӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маъруфшаҳрсоз» таҳия гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ин-техник тиҷорат» ба иҷро мерасонад.
Масоҳати умумии замини лоиҳавӣ 4704 метри мураббаъ буда, аз ин ҳисоб 1361 метри мураббаъ барои сохтмон, 1624,96 метри мураббаъ барои сабзазор пешбинӣ шуда, 1718 метри мураббаъро роҳу майдончаҳо ташкил медиҳанд.
Хароҷоти бино 9 миллиону 913 ҳазору 550 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 6 миллиону 723 ҳазору 710 сомонӣ ба корҳои сохтмонию васлгарӣ ва 2 миллиону 274 ҳазору 900 сомонӣ ба хариди таҷҳизоти тиббӣ ва мебел равона мегардад.
Дар замини ҷудогардида бинои асосии шуъбаи бемориҳои сироятӣ, бинои навбатдорӣ, ҳуҷраи безараргардонии воситаҳои нақлиёт, дегхона, анбори ангишт, иншооти сӯхторхомӯшкунӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории хлор ва кислород, ҳавзи сӯхторхомӯшкунӣ, зеристгоҳи барқӣ, роҳу роҳравҳо ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешаванд.
Сохтмони бино соли 2023 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2026 ба анҷом мерасад. Баъди ба истифода додани ин иншооти соҳаи тандурустӣ имконияти ташхис, табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ беҳтар гардида, сатҳи ҳифзи солимии аҳолии ноҳия боз ҳам баланд хоҳад шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






