Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд

Июль 10, 2026 15:22

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар шаҳри Дакка машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ — Идибек Қаландар ва Асад Олам Сиём баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, маориф, илм ва фарҳанг, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи машваратҳои сиёсӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Халил-ур Раҳмон ва Вазири давлатии Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш оид ба корҳои хориҷӣ Шама Убайд Ислом мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин доир ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нассоҷӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2026 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд