Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд

Июль 19, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати иҷтимоӣ ва тиббии аҳолӣ, таҳкими арзишҳои оилавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми тарғиботию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия хабар доданд.

Ҳадафи асосии иқдом баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба аҳамияти тарзи ҳаёти солим, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва фароҳам овардани муҳити солими оилавӣ арзёбӣ гардид.

Дар доираи иқдом масъулин бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба нақши оила дар тарбияи насли солим, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ғизои дуруст, пешгирии бемориҳо ва дигар масъалаҳои оиладорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни вохӯриҳо ҳамчунин масъалаҳои пешгирии никоҳи хешутаборӣ, нигоҳубини саломатии занону кӯдакон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа аз муҳити солими оила оғоз меёбад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими масъулияти падару модарон ва тарғиби арзишҳои оилавӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Июль 19, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд