Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд

Июль 22, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 июл дар шаҳри Триести Ҷумҳурии Италия даври омӯзиши байналмилалии дипломатияи илмӣ доир мегардад, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёвуш Наботзода ва корманди Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ризои Баҳромзод иштирок доранд.

Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин ҳамоиши сатҳи баланд барои табодули таҷриба, муаррифии имконияти илмии мамлакат, омӯзиши механизмҳои муосири дипломатияи илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

Омӯзиши байналмилалӣ бо ташаббуси Академияи ҷаҳонии илмҳо (The World Academy of Sciences (TWAS)) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи амрикоии пешрафти илм (The American Association for the Advancement of Science (AAAS)) доир гардид. Дар кори он намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии илмӣ, олимони шинохта, дипломатҳо, сиёсатмадорон ва мутахассисон аз давлатҳои гуногун иштирок доранд.

Дар доираи даври омӯзишӣ масъалаҳои нақши илм дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, истифодаи далелҳои илмӣ дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ, ҳамкории олимон бо дипломатҳо ва сиёсатмадорон, таъсири илм ба дипломатия ва нақши дипломатия дар рушди лоиҳаҳои бузурги илмӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии савдои ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, рушди биотехнология ва таҳкими ҳамкории байналмилалии илмиро муҳокима менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд