Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд

Июль 20, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон, 20 июл дар шаҳри Улан-Батор маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон, ки то 22 июл идома меёбад, бо мақсади таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии ду давлат, густариши ҳамкории башардӯстона ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии халқи тоҷик доир карда мешаванд.

Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ намоиши Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Дар он мусаввараҳо ва аксҳое ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки таъриху тамаддун, фарҳангу анъанаҳои миллӣ, урфу одат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва манзараҳои зебои Тоҷикистонро инъикос менамоянд.

Дар маросими ифтитоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонони Муғулистон Жуковин Алдаржавхлан иштирок намуда, ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ҳусни оғоз бахшиданд.

Ба муносибати ин рӯйдод барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон пешкаши сокинон ва меҳмонони шаҳри Улан-Батор гардид.

Дар барнома суруду мусиқӣ ва рақсҳои миллӣ, ки бозгӯи фарҳангу ҳунари мардумии тоҷик мебошанд, иҷро гардида, меҳмонони олимақом, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Улан-Батор ва дигар иштирокчиён онҳоро бо хушнудӣ ва истиқболи гарм пазируфтанд.

 

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад