Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойи нави кор, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот соли равон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 455 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонид. Дар доираи татбиқи ин созишномаҳо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 28 июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар доираи ин лоиҳаҳо бунёди якчанд корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва маъдантозакунӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ афзуд, ки дар ин давра бо мақсади муаррифии имконоти сармоягузории кишвар аз ҷониби кумита бо иштироки доираҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Эрон, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Муғулистон якчанд форуму ҳамоишҳои сармоягузорӣ баргузор карда шуданд. Ин ҳамоишҳо ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакат ва муаррифии иқтидори сармоягузории ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






