Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи байналмилалӣ ба фаъолият оғоз кард

Июль 16, 2026 08:21

ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Мактаби тобистонаи байналмилалии «Забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ» ба фаъолият оғоз кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, имсол дар мактаби тобистона 11 шунаванда аз чор кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Аз ҷумла, 7 нафар аз Ҷумҳурии Корея, 2 нафар аз Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, 1 нафар аз Федератсияи Русия ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Италия барои омӯзиши забони тоҷикӣ, адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин хатти ниёгон ба шаҳри Душанбе омадаанд.

Ин ташаббус ба густариши омӯзиши забони тоҷикӣ, муаррифии адабиёт ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин таҳкими ҳамкории илмию фарҳангӣ бо муассисаҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи барномаи рӯзи аввал иштирокчиён аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Боғи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шинос гардида, бо таърих, адабиёт ва мероси фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Тибқи барномаи мактаби тобистона, дар рӯзҳои минбаъда машғулиятҳои назариявию амалӣ, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, вохӯриҳо бо олимону адибон ва шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва Хуҷанд, инчунин мавзеи таърихии Чилдухтарон баргузор мегарданд.

Ташкили Мактаби тобистонаи байналмилалӣ барои иштирокчиён имконияти мусоид фароҳам меорад, то сатҳи дониши худро аз забони тоҷикӣ такмил дода, бо адабиёт, таърих ва фарҳанги миллӣ аз наздик шинос гарданд. Ҳамзамон дар таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ ва дӯстии байни халқҳо саҳм гузоранд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Июль 16, 2026 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд