Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи ташаббуси таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён оид ба аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу субот, амният ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Иброз гардид, ки ин ташаббуси Тоҷикистон далели эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад. Ин иқдом ба таҳкими фарҳанги сулҳ, тарбияи насли дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин густариши муколама байни халқҳо мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки сулҳ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик ва пояи устувори рушди давлатдории миллӣ мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардида, ҷавонон дар фазои орому осуда имкони таҳсил, соҳибкасб шудан ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро пайдо намудаанд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён барои дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» изҳори омодагӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги сулҳ дар байни ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






