Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд

Июль 27, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли нави таҳсили 2026-2027 факултети нав- журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд. Дар ин хусус 27 июл Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия Алексей Золотухин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки то имрӯз дар донишгоҳ факултети алоҳидаи журналистика фаъолият надошт. Факултети журналистика бо назардошти муҳимияти воситаҳои ахбори омма дар шароити муосир, ки дар ҷомеа ба ҳайси ҳокимияти чаҳорум эътироф гардидааст, таъсис дода мешавад.

Таъкид гардид, ки барои таъсиси факултети мустақили журналистика ва медиакоммуникатсия иқтидори кадрии кофӣ вуҷуд дошта, заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Алексей Золотухин афзуд, ки фаъолияти факултети журналистика ва медиокоммуникатсия ба омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ барои соҳаи воситаҳои ахбори омма, васеъ кардани барномаҳои таълимӣ дар соҳаи журналистика, коммуникатсияи рақамӣ, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ва татбиқи лоиҳаҳои таҳқиқотию эҷодӣ равона мегардад. Инчунин таъсиси факултети журналистика дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия имкон медиҳад, ки раванди таълим самараноктар гардида, ташкил ва иқтидори илмии кафедраҳо тақвият дода шавад ва имконият барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои журналистика, медиакоммуникатсия ва ҳамкории байнифарҳангӣ тавсеа дода шавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид