Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд

Июль 22, 2026 10:20

ФАЙЗОБОД, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 100 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳо кӯдакони нимятим, ятими кулл ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Директори истироҳатгоҳи «Дурахшон» Музаффар Раҳимов иброз намуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар истироҳатгоҳ барои кӯдакон беҳтарин шароит муҳайё гардидааст. Имсол истироҳатгоҳ дар ду баст фаъодлият намуда, дар он 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд. Дар истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон ба машғулияти варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод ҷойгир аст. Он дорои ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳҳои кушод, майдончаҳои бозии тенниси рӯйимизӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад, ки кӯдакону наврасон аз он истифода менамоянд. Аз сабаби серборишӣ ва хунук будани мавзеи истироҳатгоҳ меваҳои боғи ин муассиса, аз қабили гелосу зардолу ва олуча дертар мепазанд, ки имрӯзҳо кӯдакону наврасон аз ин меваҳои тару тоза истеъмол мекунанд.

Бояд гуфт, ки «Дурахшон» арзонтарин истироҳатгоҳ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Чунки имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ ин истироҳатгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд ва барои хӯроки истироҳаткунандагон 70 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардид. Инчунин маблағҳо аз ҳисоби суратҳисоби махсуси истироҳатгоҳ хароҷот мегарданд. Аз ин рӯ роҳхат барои 12 рӯзи истироҳат ба ҳар нафар 120 сомониро ташкил медиҳад.

Масъулини идораи маорифи ноҳияи Файзобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» дар назди муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1600 нафар кӯдакон лагерҳои солимгардонӣ ташкил намудаанд. Зиёда аз 70 нафар фарзандони омӯзгорон ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» ҷалб гардидаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Июль 22, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа