Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардида, дар муддати 35 сол тавонист роҳи душвор, вале пурифтихори рушду таҳкимро тай намояд.
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил карда мешавад.
Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба самти бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаю ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






