Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид

Июль 8, 2026 09:56

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласа дар доираи татбиқи амалии тавофуқоти роҳбарони олии ҳарду давлат- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов доир шуда, таҳти ҳамраисии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Мерген Гурдов баргузор шуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳӣ, Хадамоти гумрук, роҳбарияти палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин доираҳои васеи бахши хусусии мамлакат, аз ҷумла аъзоёни палата иштирок намуданд.

Инчунин ҳайати беш аз 35-нафараи ваколатдори Туркманистон, ки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираи васеи бахши хусусӣ, аз қабили роҳбарият ва намояндагони 20 ширкату корхонаҳои пешсафи Туркманистонро дар бар мегирифт, иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи сарони ду давлат имрӯз муносибатҳои дӯстона ва иқтисодии байни давлатҳо ба сатҳи нав баромада, заминаҳои мусоид барои воридоти сармояи калони хориҷӣ ва рушди бахши хусусӣ фароҳам омадаанд.

Фарҳодшоҳ Раҳмонализода оид ба фаъолияту дастовардҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолати кунунии ҳамкории иқтисодии дуҷониба сухан намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз тамоюли баланди рушди савдои дуҷониба, иқтидори зиёди истифоданашуда барои афзун намудани ҳаҷми он байни давлатҳо мавҷуд аст.

Мерген Гурдов таъкид намуд, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ, кимиёвӣ ва логистикии Туркманистон барои таҳким бахшидани робитаҳои мустақим бо соҳибкорони тоҷик ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд.

Тибқи барномаи баргузории ҷаласа, намояндагони ҷумҳурии мо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, имтиёзҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳиро ба таври муфассал тариқи рӯнамо муаррифӣ намуда, ҷониби Туркманистон низ тариқи рӯнамоҳои соҳавӣ иқтидори нақлиётиву логистикӣ ва сармоягузории давлати худро ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа байни доираҳои соҳибкории ду мамлакат вохӯриҳои мустақими самараноки B2B баргузор гардиданд.

Чорабиниҳои дар доираи ҷаласаи дувуми Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон банақшагирифташуда идома доранд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2026 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд