Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд

Июль 29, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои миллии об Сулаймон Зиёзода ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шуро Далер Ҷумъа, аъзои Шуро ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шуро масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои татбиқи Нақшаи амали «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025-2027», натиҷаҳои татбиқи Нақшаи амали «Барномаи рушди беҳдошти замин ва обёрӣ барои давраи солҳои 2024-2026» ва лоиҳаи Нақшаи ҳавзавӣ оид ба захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Кофарниҳон баррасӣ гардиданд.

Зимни баррасии масъалаҳо доир ба раванди татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда барои таъмини истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ, кам кардани талафоти об ва рушди инфрасохтори соҳа мубодилаи афкор доир шуд.

Дар анҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои идомаи татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025-2027» ва дигар барномаҳои соҳавӣ вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд