Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа доир шуд

Июль 24, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба таҳияи заминаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои татбиқи самараноки «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ таҳияи лоиҳаи Низомномаи фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ, гурӯҳҳои кории он ва котибот, инчунин мувофиқа намудани иштироки фаъоли шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар сохтори ҳамоҳангсозӣ арзёбӣ гардид.

Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдорро баррасӣ намуданд.

Иброз шуд, ки Шурои ҳамоҳангсозӣ вазифаи роҳнамоӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои саривақтии муқаррароти стратегияро бар зимма дошта, фаъолияти он тавассути се гурӯҳи кории соҳавӣ–инфрасохтор ва пайвастшавӣ, сармояи инсонӣ ва малакаҳои рақамӣ, инчунин идоракунӣ ва шарикӣ ба роҳ монда мешавад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои ҷаласа ба ташаккули низоми муассири ҳамоҳангсозии татбиқи ислоҳот ва лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мусоидат намоянд. Инчунин барои рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Доир ба иҷрои «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» иттилоъ дода шуд, ки стратегия ба фарогирии умумии интернети баландсуръат, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқа, тавсеаи шабакаҳои насли нав ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон равона гардидааст.

Татбиқи босамари он ҳамчун заминаи калидӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ, густариши ҳукумати электронӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ хизмат хоҳад кард.

Дар баробари ин, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ омили ҳалкунанда барои суръат бахшидани раванди рақамикунонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, барои амалисозии чорабиниҳои пешбинишуди стратегия дар солҳои 2026–2030 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 6,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Хусусияти муҳими стратегия он аст, ки сармоягузории асосӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин гардида, ҳиссаи он тақрибан 89,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 6,6 фоиз аз ҳисоби шарикони рушд, 3 фоиз маблағҳои махсус ва 0,7 фоиз аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ин нишон медиҳад, ки стратегия ба ҷалби фаъоли сармояи хусусӣ ва рушди бозори рақобатпазир такя мекунад.

Стратегия барои рушди ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои онлайн ва тиҷорати электронӣ замина фароҳам оварда, шаффофият ва самаранокиро меафзояд. Ҳамзамон барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меояд, ки ин омил ба рушди навоварӣ ва беҳбуди хизматрасонии самтҳои мухталифи соҳаи алоқа мусоидат мекунад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд