Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд

Июль 11, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷалби сармоя ва ворид намудани технологияҳои муосир барои бунёди боғи себ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон 10 июл зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Раиси Шурои директорони ширкати «Shaanxi Apple Group Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сисюн мавриди баррасӣ гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ бо мақсади татбиқи «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи агросаноатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Shaanxi Apple Group Co., Ltd.», ки 11 майи соли 2026 дар шаҳри Пекин ба имзо расидааст, баргузор гардид.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои бунёди боғу токзор тамоми имконият фароҳам оварда шуда, иқлими Тоҷикистон барои бунёди боғҳо, бахусус боғи себ мусоид мебошад.

Раиси Шурои директорони ширкати «Shaanxi Apple Group Co., Ltd.» -и Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои бунёди боғи себ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ изҳори омодагӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаи таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои нави муосир дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад