Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид

Июль 2, 2026 16:36

ДУШАНБЕ,02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон бо дастгирӣ ва кумаки техникии Корея 4 лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки аз онҳо 3 лоиҳа дар ҳоли ҷамъбаст ва натиҷагирӣ қарор доранд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори иҷроияи департаменти ҳамкории байналмилалии ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» (Korea National Railway, KNR) Юн Ҳак Сун дар шаҳри Душанбе садо дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот рушди фаъолияти якҷояи ду давлат дар бахши нақлиёти роҳи оҳан ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо аз рафти корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти роҳу нақлиёт ба имзо расонида шуд.

Роҳи оҳани миллии Корея (Korea National Railway (KNR) ширкати давлатӣ буда, барои сохтмон, рушд ва хидматрасонии инфрасохтори роҳи оҳан дар Кореяи Ҷанубӣ масъул аст. Он моҳи январи соли 2004 дар доираи ислоҳоти бахши роҳи оҳан таъсис дода шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 2, 2026 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид