Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд

Июль 14, 2026 11:42

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар шаҳри Душанбе 13 ҳазору 656 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, 67 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфтааст. Дар ин хусус имрӯз зимни маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар айни замон шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба 110 ҳазору 463 нафар расид. Онҳо дар ҳайати 1170 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият менамоянд.

Иброз гардид, ки дар доираи иқдоми «400 рӯзи ташаббускорӣ– иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ» корҳои ободонию созандагӣ анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла, беш аз 13 ҳазору 890 ниҳол ва 28 ҳазору 685 гули мавсимӣ шинонида шуда, 1254 ҳашару шанбегӣ баргузор гардид. Ҳамчунин зиёда аз 26,5 километр роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт таъмиру тармим, сангфарш ва мумфарш карда шуданд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтори пойтахт, таҳкими маърифати оиладорӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар анҷоми ҷаласа як гурӯҳ фаъолони ҳизб барои саҳми назаррас дар татбиқи иқдоми «400 рӯзи ташаббускорӣ — иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ» бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Июль 14, 2026 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд