Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам—Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ–амалӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ иштирок менамоянд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба мафҳум ва моҳияти сиёсисозии ислом, таҷрибаи таърихии он, муносибати дин ва сиёсат, хатари исломи сиёсӣ ба амнияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва суботи ҷомеа, таъсири сиёсикунонии дин ба давлат ва ҳуқуқ, инчунин дурнамои муносибати давлати демократӣ ва миллӣ бо дин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии олами ислом, омилҳои сиёсисозии мазҳаби ҳанафӣ ва ояндаи ислом дар шароити таҳаввулоти илмӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосирро муҳокима хоҳанд кард.
АКС аз манбаъҳои боз








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






