Дар Душанбе масъалаи таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он баррасӣ шуд

Июль 7, 2026 09:54

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ таҳти унвони «Таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ доир шуд.

Дар кори он масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ва нафти хом бо мақсади коркард дар иқтидорҳои ватанӣ баррасӣ гардид.

Инчунин иштирокдорон доир ба назорати мунтазами нарху тарифҳо барои пешгирии ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ҷиҳати истифодаи имкониятҳои алтернативии кам намудани талабот ба маводҳои сӯзишворӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 7, 2026 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд