Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд ба кишварҳои аъзо ва шарикон даъватнома ирсол гардидааст.
Инчунин баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони сатҳи баланд бо иштироки тақрибан 50 меҳмон пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон соли 2026 пойтахти Тоҷикистон мизбони якчанд форуму намоишгоҳҳо, аз ҷумла форумҳои хӯрокворӣ, нассоҷӣ, зеҳни сунъӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва ангишт мегардад.
Бо дахли ҳамкории байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии имконоти сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди саноат ва таъсиси ҷойи кор баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар давраи ҳисоботӣ аҳамияти махсус дошт. Дар ин давра дар доираи сафарҳои сатҳи баланд ва густариши ҳамкории байналмилалӣ 3 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳо байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои «сабз» (2026–2028), Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи созишнома байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия (2026–2028) ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва технологияҳои нав (2026–2028) ба имзо расиданд.
Дар ин давра ҳамчунин ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ бо Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон баргузор гардида, масъалаҳои рушди ҳамкории саноатӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои он дар форумҳои сармоягузорӣ бо иштирокми Чин ва Узбекистон фаъолона иштирок намуда, якчанд санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Лоиҳаҳои созишнома бо якчанд давлат дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд.
Дар ин давра ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Машварати вазирони саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ва намоишгоҳҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Остона, Бишкек ва Чолпон-Ота иштирок намуд.
Дар маҷмуъ, дар ин давра таваҷҷуҳи вазорат ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва рушди саноат равона гардид, ки он ба пешбурди ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






