Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳти унвони «Рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар замони муосир» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарият ва кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз намуд, ки «16 феврали соли 2026 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид гардида, минбаъд 1 июл ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа расман таҷлил мегардад. Имрӯз нахустин маротиба аст, ки дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил мегардад».
«Таҷлили ин сана ба 30 – солагии ин ниҳод ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст. Кормандони суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар рушди ин соҳаи муҳими кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд», — илова кард Абдураҳмон Ҳалимзод.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сиёсати давлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои калидӣ дар таъмини ҳифзи иҷтимоии сокинон маҳсуб ёфта, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, ки «ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ мебошад».
«Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, бахусус насли калонсоли мамлакат бо мусоидату дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Солҳои охир фаъолияти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба таври назаррас пеш рафтааст. Инчунин, барои таъмини нафақаи шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи ҷумҳурӣ низ бо як қатор давлатҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст», — афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки шумораи нафақагирон сол то сол меафзояд. Агар дар соли 2000 шумораи нафақагирон дар мамлакат 559 ҳазору 437 нафарро ташкил медод, афзоиши он ба ҳолати январи соли 2026 56,8 фоизро дар мегирад.
Дар Тоҷикистон то 1 январи соли 2026 шумораи умумии нафақагирон ба 877 ҳазору 206 нафар расидааст. Аз шумораи умумии нафақагирон 172 ҳазору 538 нафар нафақагирони маъюбиятдошта мебошанд. Аз ҷумла, 18 ҳазору 422 нафар ба гурӯҳи якуми маъюбӣ, 85 ҳазору 221 нафар ба гурӯҳи дуюм ва 33 ҳазору 514 нафар ба гурӯҳи сеюм шомиланд. Ҳамзамон 35 ҳазору 381 нафар маъюбони аз овони кӯдакӣ то синни 18-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки яке аз гурӯҳҳои осебпазиртарини ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Инчунин дар мамлакат 1082 нафар кӯдакони ятими кулл ва 79 ҳазору 205 нафар кӯдакони нимятим мавҷуданд, ки онҳо низ аз механизмҳои гуногуни дастгирии иҷтимоӣ ва нафақавӣ баҳра мебаранд.
Гуфта шуд, ки таъмини саривақтӣ ва пурраи нафақа, такмили низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ниҳод боқӣ мемонад. Бо назардошти афзоиши шумораи нафақагирон, тадбирҳои иловагӣ барои устувории молиявии низоми нафақавӣ ва беҳтарсозии хизматрасониҳо амалӣ карда мешаванд.
Ба таъкиди иштирокчиёни ҳамоиш, аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд. Зиёд гардидани андозаи нафақа яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои дастгирии нафақагирон ва беҳтар гардидани зиндагии онҳо мебошад.
Ба иттилои Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи ҷудогардида ба нафақагирон дар моҳи январи соли 2025 411 миллиону 84,074 ҳазор сомонӣ ва дар моҳи январи соли 2026 464 миллиону 824, 86 ҳазор сомониро ташкил додааст, яъне 13 фоиз афзоиш ёфтааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид






