Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд

Июль 22, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ва 26 июл бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ  баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, аз моҳи июн то — августи соли 2026 тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 25 июл дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон ва дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич доир мегардад.

26 июл дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара ва дар Боғи кӯдакон Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мешавад.

Ҳадафи асосии ин ташаббус танҳо баргузории чорабиниҳои идона набуда, балки таҳкими фазои ягонаи фарҳангии мамлакат мебошад. Барои сокинони пойтахт ин имконияти мусоидест, то бо фарҳангу суннатҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Он ҳамчунин  барои муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ва соҳибкорӣ фурсати муносиб мебошад.

Дар ин рӯзҳо меҳмонон метавонанд намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои ороишӣ-амалӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатии минтақаҳоро тамошо намоянд. Инчунин бо маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллии минтақаҳо шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар боғҳо аз соати 16:00 оғоз мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд