Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангии ноҳияи Ашт аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.
Дар намоиш-фурӯш ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастони худро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.
Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, помидор, картошка, пиёз, бодаринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу, олоуболу ва ғайра бо нархи арзон нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуд, ки сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд.
Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт




























Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






