Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд

Июль 25, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки дар фазои идона доир шуд, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоти гуногуни нониву қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди иштирокдорон ва сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Сокинон дар ин рӯз имкон пайдо карданд, ки бо барномаҳои ҷолибу фарҳангӣ ва намоиши дастовардҳои назарраси соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуда, дар ин баробар аз намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас маҳсулоти тару тоза ва босифат харидорӣ намоянд.

Дар ин рӯз комёбию навгониҳои давоми соҳибистиқлолӣ бадастовардаи ноҳия дар ҳама самтҳои фаъолият муаррифӣ карда шуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ноҳия марҳила ба марҳила рушд карда, корҳои созандагӣ, аз қабили сохтмони иншооти таъйиноти гуногун на танҳо симои ноҳия ва рушди соҳаҳои мухталиф, балки рӯзгори босуботу пурсаодати сокинонро низ дигаргун кардаанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад