Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд

Июль 18, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Зафаробод аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастони худро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.

Ноҳияи Зафаробод дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир буда, соли 1965 таъсис ёфтааст. Аҳолии он тақрибан 82 900 нафарро  ташкил медиҳад.

Зафаробод ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ шуғли асосии сокинони он ба ҳисоб меравад. Парвариши пахта яке аз соҳаи сердаромад ва содиротии ноҳия мебошад. Зеро зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти саноатии ноҳия аз истеҳсоли пахта вобаста аст. Ғайр аз ин, пахтакорӣ сарчашмаи муҳайё кардани ҷойи кор ва манбаи хуби даромади аҳолӣ мебошад.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод  коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонию савдо ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд гардидаанд, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинони  ноҳия мусоидат  менамоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд