Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» расман оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози расмии «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» дар мавзуи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот: воситаи ҳамгироии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон ба занҷираҳои арзиши иловашудаи миллӣ ва байналмилалӣ» ҳамоиш доир шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори ҳамоиш муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоти байналмилалӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш механизмҳои татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» муаррифӣ гардид.
Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати саноатикунонии босуръат, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакатро амалӣ менамояд.
Дар ин замина татбиқи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, барои васеъ намудани номгӯи маҳсулоти содиротӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи бозорҳои хориҷӣ ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда равона шудааст.
«Дар тӯли солҳои зиёд сохтори содироти иқтисодиёти Тоҷикистон асосан аз маҳсулоти ашёи хом иборат буд. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо такя ба содироти ашёи хом наметавонад рушди устувор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши рақобатпазирии иқтисоди миллиро таъмин намояд. Аз ин рӯ, гузариш ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва рушди корхонаҳои содиротӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад»,–афзуд Ҳоким Холиқзода.
Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки татбиқи барнома дар доираи Ҷузъи 3-юми Лоиҳаи фарогири «Рушди бахши молиявӣ ва хусусии Тоҷикистон» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Ин ташаббус ба афзалиятҳои стратегии рушди иқтисодии мамлакат мутобиқ буда, барои тақвияти нақши бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
Гуфта шуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» соҳибкории хурду миёна яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, як қатор корхонаҳо ҳанӯз бо мушкилоти дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ, норасоии дониш оид ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии нокифоя ба занҷираҳои таъминоти ширкатҳои бузург рӯ ба рӯ мебошанд.
Аз ин рӯ, дар доираи барнома лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии содирот», таҳкими фаъолияти дафтарҳои рушди таҳвилгарон ва содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, расонидани дастгирии мақсаднок ба корхонаҳои соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорати кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва сайёҳӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самтҳои идоракунии муосир, маркетинг ва фаъолияти содиротӣ, пешниҳоди грантҳои мутаносиб барои татбиқи нақшаҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо амалӣ карда мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки ин барнома ба таври мантиқӣ «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»-ро пурра намуда, ҳамчун механизми амалии татбиқи ҳадафҳои он хизмат хоҳад намуд.
Инчунин иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои асосии воридшавии корхонаҳои ватанӣ ба занҷираҳои глобалии арзиши иловашуда, роҳҳои бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва таъмини устувории натиҷаҳои барномаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи босамари «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ вобаста буда, барои рушди содирот, афзоиши истеҳсолоти рақобатпазир ва ворид шудани маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонидааст
То соли 2029 дар корхонаҳои металлургӣ, семент ва коркарди маъдани Суғд беш аз 3000 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид
Исфандиёри Саъдулло бо директори генералии ҶСО «МегаФон»-и Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд






