Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид

Июль 1, 2026 13:38

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо Котиби генералии Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касаба, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Виктор Пинский мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки ҳамкории ду давлат бар пояи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамдигар мунтазам рушд меёбад.

Парлумонҳои ҳар ду давлат дар таъмини заминаи ҳуқуқии татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада нақши муҳим доранд ва густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.

Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолият доранд, аз мавзуъҳои меҳварӣ буданд.

Таъкид шуд, ки санадҳои нави баимзорасида дар ин самт заминаи ҳуқуқии ҳамкориро таҳким бахшида, ба такмили низоми танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбатон аҳамияти идомаи ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду давлатро дар самти такмили механизмҳои муҳоҷират, таъмини шароити муносиби меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва назорати иҷрои созишномаҳои бадастомада таъкид карданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2026 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид