Дар Душанбе вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи металлургия баррасӣ гардид

Июль 4, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар мавзуи «Вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти металлургия» ҳамоиш баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи саноат ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаи металлургия имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид намуданд, ки захираҳои маъдан ва ашёи хоми мамлакат имконият медиҳанд, ки дар оянда як қатор корхонаҳои металлургияи ранга ба кор дароварда шуда, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад».

Таъкид гардид, ки маҳз дар заминаи чунин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Раҳим Саидзода афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла, тилло, нуқра, сурб, руҳ, сурма, мис, ангишт ва дигар канданиҳо мебошад. Коркарди пурраи ин захираҳо дар дохили мамлакат метавонад ба афзоиши арзиши иловагӣ, баланд гардидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон Вазири маориф ва илм масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисосро яке аз омилҳои асосии рушди устувори саноат арзёбӣ намуда, гуфт, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои таълимии худро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таҷдид намуда, ҳамкории худро бо корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам тақвият бахшанд. Донишҷӯён бояд таҷрибаомӯзии истеҳсолиро бевосита дар корхонаҳои саноатӣ гузаранд, то истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва таҷҳизоти навтаринро аз худ намоянд.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода оид ба вазъи омодасозии кадрҳо дар самти металлургия гузориш пешниҳод намуда, аз имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ, барномаҳои таълимӣ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи соҳа маълумот дод.

Дар қисмати музокираҳо  иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат, таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истеҳсолот, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки иқтидори илмӣ дар рушди соҳаи металлургия андешаронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки рушди соҳаи металлургия бе омода намудани мутахассисони рақобатпазир, густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, тақвияти заминаи моддию техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ имконнопазир буда, дар ин самт ҳамоҳангии ҳамаи сохторҳои дахлдор аҳамияти калидӣ дорад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 4, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст