Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд

Июль 15, 2026 16:16

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор–2026 баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни форум изҳор дошт, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир пайваста ташаббусҳои байналмилалиро дар соҳаи об дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ намуда, дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муҳим дорад.

Аз ин рӯ дар Тоҷикистон барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор тақвияти шарикии байналмилалӣ, таъмини маблағгузории устувору пешбинишаванда ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Ҳамзамон дар доираи форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Александр Де Кро вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030», маҳаллисозии Ҳадафҳои рушди устувор, маблағгузорӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, иқтисоди «сабз», тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуданд.

Дар доираи форум Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо мудири Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб Дима Ал-Хатиб вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, иқтисоди «сабз» ва рушди устувори саноатиро барррасӣ намуданд.

Инчунин натиҷаҳои бадастомадаи Конфронси чоруми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва чорабиниҳои канории конфронс мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои рушди ҳамкории мутақобили судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2026 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд