Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ҷаласаи Ситоди доимӣ доир шуд

Июль 23, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Ситоди доимамалкунанда оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа натиҷаҳои мониторинги нархҳои молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, омилҳои таъсиррасон ба тағйирёбии нархҳо, танзими нарх ва чораҳои пешгирии ҳолатҳои беасос баланд бардоштани он баррасӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти ситод бояд ба таҳлилҳои амиқ, маълумоти саҳеҳ, мониторинги мунтазам ва қабули қарорҳои саривақтӣ асос ёбад.

Дар раванди ҷаласа вазъи бозори семент дар ҷумҳурӣ, инчунин сабабу омилҳои болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, пешгирии болоравии беасоси нархи он ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта таҳлил гардид.

Ба аъзои ситод дастур дода шуд, ки мониторинги маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузаронида, аз натиҷаи он гузоришҳои таҳлилӣ пешниҳод намоянд.

АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 23, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд