Дар Хоруғ 72 лоиҳаи сармоягузорӣ ба беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллаҳо равона мешавад

Июль 20, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 21 маҳаллаи шаҳри Хоруғ татбиқи 72 лоиҳаи нави сармоягузорӣ оғоз мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаҳо ба беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва инфрасохтори маҳаллаҳо равона гардида, соҳаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, чароғонкунии кӯчаю маҳаллаҳо, партовгоҳҳо, ҷӯйборҳо, роҳҳои пиёдагард ва ҳалли дигар масъалаҳои муҳими сокинонро дар бар мегиранд.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ободу зебо шудани маҳаллаҳои шаҳр мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки солҳои 2023–2024 дар шаҳри Хоруғ бо мақсади бартараф намудани мушкилоти иҷтимоию коммуналии аҳолӣ 113 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа масъалаҳои муҳими сокинон ҳалли худро пайдо карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июль 20, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд