Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад

Июль 21, 2026 15:45

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни шиносоии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҷараёни сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» иттилоъ дода шуд, ки 95 фоизи корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳ ба анҷом расида, иншоот то охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.

‎ Ёдовар мешавем, ки 26 июни соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмони ин зеристгоҳи барқӣ оғози расмӣ бахшида шуд.

‎ Бунёди зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» дар самти таҳкими инфрасохтори энергетикии вилоят аҳамияти хосса дошта, ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, устувории таъминоти неруи барқ ва коҳиши талафот дар минтақа мусоидат менамояд.‎

‎ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамзамон бо фаъолияти зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ҷангал» шинос шуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 21, 2026 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»