Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Июль 16, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби баландшавии сатҳи оби дарёҳое, ки дар канори роҳи Душанбе – Чанок ҷойгиранд, аз ҷониби ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ширкат хабар доданд, дар минтақаҳои Варзобу Зарафшони роҳи Душанбе–Чанок бинобар баланд шудани сатҳи оби дарёҳо баъзе қисматҳои роҳ зарари ҷиддӣ мебинанд. Инчунин ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, дар ҳолати сари вақт тоза накардани онҳо муҳлати истифодаи роҳ коҳиш меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола дар фаслҳои баҳору тобистон сатҳи оби ин дарёҳои канори роҳи Душанбе–Чанок баланд мешавад.

Дар айни замон дар қитъаҳои зиёди роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида иҷро намудани он техникаҳои пуриқтидор истифода мегарданд.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд