Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад

Июль 8, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт бунёд мегардад. Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат буда, то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.

Тавре 7 июли соли равон зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сармоягузории ин иншоот иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар доираи лоиҳаи оянда дар ин мавзеъ меҳмонхонаи зебо барои қабули 1000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ дар як вақт сохта шуда, 100 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Ифтитоҳи иншооти гуногунтаъйинот дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои муҳим дар самти рушди деҳот ва ҷалби ҳар чи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Дар ин зимн ба масъулин ҷиҳати рушди устувори сайёҳӣ дар шароити кӯҳӣ, бунёди шакли нави осоишгоҳҳо барои сайёҳон ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир дастуру тавсияҳо дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд