Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита.
Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода иброз дошт, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои расидан ба ҳадафе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони мамлакат мусоидат мекунад, тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Кормандони ниҳоди бехатарии озуқаворӣ, ки аксар ҷавонони соҳибмаълумот ва кордону ботаҷриба мебошанд, вазифаҳои касбияшонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти баланд иҷро менамоянд.
Муҳаммадсаид Файзуллозода гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди давлатамон саъю талоши фаъолона доранд. Аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанги ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст».
Инчунин дар ҷамъомад дар мавзуи «Мо ҷавонони хушбахти даврони истиқлол» маъруза пешниҳод гардид.
Дар фарҷом як зумра кормандони ҷавони кумита барои фаъолияти пурсамар ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мукофотонида шуданд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






