Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба тасвиб расонидани он барои таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва суботи ҷомеа аҳамияти муҳим дорад, ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор хабар доданд.
Иброз гардид, ки қабули ин қонун ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат мебошад. Он бори дигар ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд ва ба назди хешу пайвандон баргашта, ҳаёти солим пеш баранд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат то қабули ин қонун 17 маротиба санадҳои марбут ба авф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 18-умин санаде ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Роҳбари давлат барои дар амал татбиқ намудани принсипи инсондӯстӣ, бахшидани гуноҳи ашхоси ҷиноятсодиркарда, барои онҳо фароҳам овардани имкони ислоҳшавӣ, бозгашт ба ҷомеа ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ба имзо расидааст.
Таъкид шуд, ки дар воқеъ қабули ин қонун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ иқдоми хайрхоҳона ва такмили ҳуқуқи инсон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои шахсоне, ки таҳти татбиқи ин қонун қарор мегиранд, имконият медиҳад, ки аз ҷинояткорӣ даст кашида, ба меҳнати содиқонаю софдилона машғул шаванд ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 29- солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 қабул гардид.
АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?






