Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор оид ба тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ дар доираи лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ҳамоиш доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ, истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, имтиёзҳои андозӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рақамикунонии низоми андоз баррасӣ шуд.
Иброз гардид, ки дар шароити рушди босуръати иқтисоди рақамӣ татбиқи механизмҳои нави андозбандӣ барои содагардонии муносибатҳои андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи риояи қонунгузории андоз, таъмини шаффофияти фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, ҳадаф аз баргузори ҳамоиш низ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ дар доираи лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, истифодаи хизматрасониҳои давлатии электронӣ, инчунин баррасии дигар масъалаҳои марбут ба андозбандӣ мебошад.
Инчунин андозсупорандагон метавонанд қисми зиёди хизматрасониҳои заруриро ба таври фосилавӣ дастрас намоянд, эъломияҳо ва ҳисоботҳои андозиро пешниҳод кунанд, маълумоти заруриро дастрас намоянд ва пардохтҳои андозиро бидуни муроҷиати мустақим ба мақомоти андоз анҷом диҳанд. Истифодаи хизматрасониҳои давлатии электронӣ ба соҳибкорони инфиродӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти худро самараноктар ба роҳ монанд. Бо назардошти ин, рушди хизматрасониҳои давлатии электронӣ ва татбиқи реҷаи махсуси танзимӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ ва беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 сентябри соли равон амалиётҳои тиҷоратии соҳибкорони инфиродӣ, ки тавассути ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд, тибқи низоми нави андозбандӣ амалӣ мегарданд. Интиқолҳои маблағ байни шахсони воқеӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ ҳоло ва минбаъд низ аз андоз озод боқӣ мемонанд.
Тибқи лоиҳаи озмоишӣ, меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 фоиз то 3 фоиз коҳиш дода мешавад. Ҳамчунин барои ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ 1 фоиз аз маблағи пардохт дар шакли кешбэк ба харидор баргардонида мешавад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






