Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири тандурустии Салтанати Умон доктор Ҳилол ибни Алӣ ибни Ҳилол Ас-Сабтӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Умонро дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, доир ба рушди ҳамкорӣ байни муассисаҳои тандурустии ду кишвар, табодули таҷрибаи касбӣ, такмили ихтисоси мутахассисони соҳа ва тавсеаи робитаҳои мустақим байни сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои таҳияи санади ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ташкили табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳи роҳбарони соҳа муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






