Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд

Июль 13, 2026 10:57

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ 12 июл дар шаҳри Масқат зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири мерос ва сайёҳии Салтанати Умон Саид Иброҳим ибни Саил Ал-Бусаидӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.

Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахши сайёҳӣ, тавсеаи робитаҳои байниидоравӣ, ташкили сафарҳои мутақобили ҳайатҳои расмӣ ва сайёҳӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат аҳаммияти тавсеаи ҳамкории амалӣ, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкории мутақобили судманд таъкид гардид.

Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкорӣ изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Июль 13, 2026 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид