ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар муассисаи таълимӣ таърихи худро дорад, аммо на ҳар таърих ба мактаби воқеии камолоти инсон, маркази ташаккули мутахассисони соҳибкасб ва манбаи рушди ҷомеа табдил меёбад. Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи чунин боргоҳҳои бонуфузи илму маърифат буда, давоми 68 соли фаъолият бо таърихи пурифтихор, дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар рушди низоми таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб гардидааст.
— Аз рӯзи таъсис то имрӯз муассиса роҳи пуршарафи рушду такмилро тай намуда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибкасб омода намудааст, ки имрӯз дар мақомоти давлатӣ, сохторҳои оморӣ, ташкилоти молиявию иқтисодӣ, муассисаҳои таълимӣ, бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар фаъолияти босамар доранд. Ин муассиса на танҳо макони таълим, балки мактаби тарбияи инсони ватандӯст, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушд намуда, барои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ имконияти нав фароҳам гардид. Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат низ дар партави ҳамин сиёсати созанда ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи иқтисоди рақамӣ, бозори меҳнат ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот такмил медиҳад.
Имрӯз коллеҷ дар доираи сиёсати навоварона ва ояндасози Ҳукумати мамлакат роҳи рушдро пеш гирифта, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, рақамикунонии низоми идоракунӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани маҳорати омӯзгорон тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.
Бо назардошти талаботи рӯзафзуни иқтисоди миллӣ ба кадрҳои соҳибихтисос дар Коллеҷ омодасозии мутахассисон аз рӯйи 14 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4 ихтисос дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина барои таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои рақобатпазир, дорои донишҳои муосир, малакаҳои касбӣ ва салоҳияти амалӣ тамоми шароити зарурии таълимӣ, моддию техникӣ ва методӣ фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ҷавон дар якҷоягӣ муҳити солими илмӣ ва таълимиро ташаккул дода, барои тарбияи мутахассисони рақобатпазир саъю кӯшиш менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти коллеҷ рушди ҳамкории дохиливу байналмилалӣ мебошад. Дар солҳои охир муассиса бо якчанд донишгоҳҳо ва ташкилоти илмӣ-таълимии кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, имконияти нави табодули таҷриба, такмили ихтисос ва идомаи таҳсили хатмкунандагонро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди қобилияти эҷодии донишҷӯён, баргузории озмунҳои илмӣ, конференсияҳо, ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса маҳсуб мешавад. Донишҷӯёни коллеҷ пайваста дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Шоҳномахонӣ», олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб мешаванд.
Имрӯз Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ бо қадамҳои устувор ба сӯи рушди минбаъда ҳаракат намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, рушди иқтисоди рақамӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси рақобатпазир саҳми арзишманд мегузорад.
Ёдоварӣ аз 68-солагии таъсиси ин муассисаи бонуфузи таълимӣ арҷгузорӣ ба заҳмати садҳо омӯзгорону кормандон, хатмкунандагон ва ҳамаи онҳое мебошад, ки давоми даҳсолаҳо дар ташаккул ва рушди ин боргоҳи илму маърифат саҳми босазо гузоштаанд.
Бо такя ба таърихи пурифтихор, таҷрибаи ғанӣ ва неруи созандаи ҳайати омӯзгорону донишҷӯён метавон бо итминон гуфт, ки Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат минбаъд низ рисолати муқаддаси худ- омодасозии мутахассисони соҳибкасб, ватандӯст ва ҷавобгӯ ба талаботи замонро бо масъулияти баланд идома дода, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам бештар мегузорад.
Исломбек ЗОИРЗОДА,
директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






