Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи мушоҳидаҳои аэровизуалӣ, ки дар минтақаи Шинг ҳавзаи дарёи Қаратоғ ва Ҳафткӯли ҳавзаи дарёи Зарафшон оид ба вазъи захираҳои барф, пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва кӯлҳои эҳтимолан рахнашаванда гузаронида шуданд, тақрибан 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ дар ин минтақаҳо пурра об шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030» гузаронда шуданд.
Тибқи хабари манбаъ, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо истифода аз мушоҳидаҳои аэровизуалӣ вазъи захираҳои барф, пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва кӯлҳои эҳтимолан рахнашавандаро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Ин мушоҳидаҳо, ки солона 3-4 маротиба анҷом дода мешаванд, барои баҳодиҳии захираҳои обӣ, таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Дар ҷараёни парвоз ҳолати захираҳои барф, пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва дигар объектҳои муҳими криосфера бо истифода аз усулҳои мушоҳидаи саҳроӣ ва аксбардории ҳавоӣ мавриди омӯзиши муфассал қарор гирифтанд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар минтақаҳои таҳқиқшуда тақрибан 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ пурра об шудааст. Ин нишондиҳанда аз идомаи раванди фаъоли обшавии барф дар мавсими тобистон шаҳодат дода, ба ташаккули маҷрои дарёҳо, таъмини захираҳои обӣ ва низоми гидрологии минтақа таъсири бевосита мерасонад. Аз ин рӯ, пайгирии мунтазами чунин равандҳо барои пешгӯии ҳаҷми захираҳои обӣ ва идоракунии самараноки онҳо аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон зимни парвоз ҳолати кунунии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ низ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки ин объектҳо таҳти назорати доимии мутахассисон қарор дошта, маълумоти бадастомада барои таҳлили равандҳои тағйирёбии криосфера, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва муайян намудани тамоюлҳои минбаъдаи рушди онҳо истифода мегардад.
Дар баробари ин, ба минтақаҳои эҳтимолии сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, ярч, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва дигар равандҳои хатарноки гидрометеорологӣ диққати махсус дода шуд. Арзёбии саривақтии чунин минтақаҳо имкон медиҳад, ки сатҳи хавф муайян гардида, барои таҳияи пешгӯиҳои дақиқ ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунанда заминаи илмӣ фароҳам оварда шавад.


Маълумоти бадастомада на танҳо барои таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ ва мониторинги захираҳои обӣ истифода мешавад, балки ҳамчун асоси илмӣ барои таҳияи сиёсати давлатӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ низ мусоидат менамояд.
Натиҷаҳои мушоҳидаҳо ба татбиқи босамари «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030» мусоидат намуда, дар рушди илмҳои криосфера, такмили низоми огоҳсозии бармаҳал ва ҳифзи аҳолӣ аз таъсири офатҳои табиӣ саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






