Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Кӯлоб 127 ҳазору 552 нафар нафақагирон сабти ном шудаанд, ки 72 ҳазору 404 нафарашон маъюбон мебошанд. Дар ин хусус 24 июл зимни нишасти матбуотии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки таъминоти нафақа самти асосии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии он ба мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон дар давраҳои пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбинишуда равона гардидааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи Кӯлоб ҳарчанд хизматрасонӣ ба нафақагирон ба таври қаноатбахш ба роҳ монда шудааст, аммо тибқи барномаи «Шинохти чеҳра» аксари нафақагирон сари вақт аз қайд нагузаштанд.
Масъулони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мушкилоти асосии ин самтро ба дуруст ва ба таври зарурӣ кор накардани интернет ва сари вақт ҳозир нашудани нафақагирон рабт медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






