Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи дуюми фасли тобистон — июл дар мамлакат ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 ё 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шудааст. Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2018 шабоҳат дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабр пешгӯӣ шуда, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 29+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 24 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона дар водиҳо то 31 дараҷа гарм, рӯзона то 43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 40+45 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 28+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона то 30 дараҷа гарм, рӯзона то 42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17 дараҷа гарм ва рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ камтар, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ шудааст.
Дар минтақаҳои кӯҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 21+27 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 20 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 10+14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 13 дараҷа гарм, рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 10-15 метр дар сония мевазад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






