Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд

Июль 22, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Москва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, (2027–2036)»-ро муаррифӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, қатъномаи мазкур 25 июни соли 2026 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Нишасти матбуотӣ дар доираи ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки намояндагони давлатҳои иштирокдори Иттиҳод, муовинони Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони сохторҳои соҳавии он баргузор гардид.

Зимни муаррифӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирокдоронро бо ҳадафҳои асосӣ ва муқаррароти қатънома, инчунин дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Даҳсолаи байналмилалӣ шинос намуд.

Таъкид гардид, ки ин санади байналмилалӣ ба таҳкими сулҳу амният, пешгирии низоъҳо, рушди муколама ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои рушди устувор нигаронида шудааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Июль 22, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид